Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
459 subscribers
1.97K photos
199 videos
4 files
514 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
04-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Сорбон Холмуҳамадзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунанда Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа вазир суханронӣ намуда, вазъ ва равандҳои татбиқи лоиҳаро дар шаш моҳи гузашта мавриди таҳлил қарор дод.

«Айни замон, дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика идома дорад. Дар самти такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи соҳа корҳои назаррас анҷом ёфта, лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон дар марҳилаи баррасии вазорату идораҳо қарор дорад», – таъкид намуд вазир.


Сипас, натиҷаҳои бадастомада дар доираи барнома мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифта, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гаштанд. Ҳамзамон, нақшаи кори шашмоҳаи навбатӣ муайян карда шуд.

Муфассал
Поробнее

@mewrtj
👍41🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гузориш аз рафти корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иқтидори 250 МВт

#энергетика #офтобӣ #Ашт #Суғд
👍71🔥1
‎05-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Гозӣ Шбайкат, Намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF) дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

‎Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамо ва масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷараёни ислоҳоти соҳа, беҳтарсозии идоракунии молиявии ширкатҳои энергетикӣ ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

‎Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии "Роғун", коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани вазъи молиявии ширкатҳои энергетикӣ, инчунин, тавсеаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

****
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍211🤝1
06-уми феврал дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик, ҷаласаи сайёри вазири энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.

Дар оғоз аз шароити инфрасохтори мактаб-интернат, аз ҷумла биноҳои хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаҳои таълимӣ, ташнобу ҳаммом, толор ва майдони варзишӣ дидан карда шуд.

Барои беҳтарсозии шароити зисти тарбиятгирандагон, соли ҷорӣ биноҳои хобгоҳ, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, ки аз се ошёна иборатанд, бо дастгирии Вазорат бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин гардиданд.

- Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории пайваста нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимон, кӯдакони бепарастор ва ашхоси имконияташон маҳдуд, зарур аст, биноҳои муассиса аз таъмири асосӣ баровар шавад ва барои тарбиятгирандагон шароити боз ҳам беҳтари зисту таълим фароҳам оварда шаванд, - иброз дошт Далер Ҷумъа.


Муфассал

@mewrtj
👍43👏1