Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
461 subscribers
1.96K photos
199 videos
4 files
511 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
04-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Сорбон Холмуҳамадзода, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунанда Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа вазир суханронӣ намуда, вазъ ва равандҳои татбиқи лоиҳаро дар шаш моҳи гузашта мавриди таҳлил қарор дод.

«Айни замон, дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика идома дорад. Дар самти такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи соҳа корҳои назаррас анҷом ёфта, лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон дар марҳилаи баррасии вазорату идораҳо қарор дорад», – таъкид намуд вазир.


Сипас, натиҷаҳои бадастомада дар доираи барнома мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифта, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гаштанд. Ҳамзамон, нақшаи кори шашмоҳаи навбатӣ муайян карда шуд.

Муфассал
Поробнее

@mewrtj
👍41🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гузориш аз рафти корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иқтидори 250 МВт

#энергетика #офтобӣ #Ашт #Суғд
👍71🔥1
‎05-уми феврали соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Гозӣ Шбайкат, Намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF) дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

‎Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамо ва масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ҷараёни ислоҳоти соҳа, беҳтарсозии идоракунии молиявии ширкатҳои энергетикӣ ва ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

‎Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии "Роғун", коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани вазъи молиявии ширкатҳои энергетикӣ, инчунин, тавсеаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

****
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
👍211🤝1
06-уми феврал дар Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик, ҷаласаи сайёри вазири энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.

Дар оғоз аз шароити инфрасохтори мактаб-интернат, аз ҷумла биноҳои хобгоҳ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаҳои таълимӣ, ташнобу ҳаммом, толор ва майдони варзишӣ дидан карда шуд.

Барои беҳтарсозии шароити зисти тарбиятгирандагон, соли ҷорӣ биноҳои хобгоҳ, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, ки аз се ошёна иборатанд, бо дастгирии Вазорат бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин гардиданд.

- Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхории пайваста нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла ятимон, кӯдакони бепарастор ва ашхоси имконияташон маҳдуд, зарур аст, биноҳои муассиса аз таъмири асосӣ баровар шавад ва барои тарбиятгирандагон шароити боз ҳам беҳтари зисту таълим фароҳам оварда шаванд, - иброз дошт Далер Ҷумъа.


Муфассал

@mewrtj
3👍3👏1
СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Солномаи Пешвои миллат таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025”, ки дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода ва нашр гардидааст, доир ба соҳаи энергетика нукоти зерин омадааст:


Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва татбиқи ҳадафи стратегии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои созанда амалӣ гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои амалисозии ҳадафи стратегии кишвар ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то соли 2025 дар соҳаи энергетика 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шуда, ҳоло 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллари амрикоӣ дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.

Соли 2025 барои бахши энергетика низ яке аз солҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро Тоҷикистон дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ва натиҷаҳои муҳими стратегӣ ноил гардид. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср - Неругоҳи обии Роғун қариб 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар шуд. Дар ин замина, ду агрегати Неругоҳи обии Роғун аз ибтидои фаъолият беш аз 10 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

31 марти соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров хатти интиқоли барқи 500 кВ-и Датка-Суғд дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2025 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи обии Себзор бо тавононии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Ҷангал, неругоҳҳои офтобии Аличур (2,8 МВт), Гулзор (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди обиро ба кор дароварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 2025 се агрегати охири Неругоҳи обии Қайроққумро пас аз таҷдид ба кор андохтанд.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт оғоз бахшида шуд.

Тавре мудом таъкид мегардад, яке аз масъалаҳои ташвишовар талафоти неруи барқ дар кишвар мебошад. Аз руи маълумоти оморӣ, талафоти барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли 2025 3 миллиард киловатт-соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт-соат кам шудааст.

Аз ин ру, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои пурра аз байн бурдани ин мушкил чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Қобили зикри хос аст, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 талафоти барқ ба 13 фоиз баробар шуда, нисбат ба соли 2024 7 фоиз кам гардид.

Бояд гуфт, ки баъди гузариш ба низоми биллингӣ беш аз 6 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуданд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.


Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд.

Дар соли 2025 Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 қабул гардид.

Шакли пурраи мавод
👍52🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини пурраи сокинон бо неруи барқ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба неруи барқ ва баланд бардоштани устувории таъминот, давоми соли 2025 дар ҳудуди вилоят 11 неругоҳи хурди офтобӣ ба истифода дода шудааст.

Истифодаи чунин иншооти барқӣ имконият медиҳад, ки вобастагӣ аз шабакаҳои марказӣ коҳиш ёфта, таъминоти барқ дар минтақаҳои дурдаст ва камнуфуз беҳтар гардад. Неругоҳҳои нав бо таҷҳизоти муосири энергетикӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии онҳо ба талаботи ҷории аҳолӣ мутобиқ гардонда шудааст.

********
Саҳифаҳои расмии Вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Фейсбук
Телеграм
Инстаграм
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ПЕШГИРИИ ТАЛАФОТ ВА ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

11-уми феврали соли 2025, Душанбе. - Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии истифодаи неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ҷаласа баргузор гардид.


Муфассал
1👍1
ДАРХОСТ БАРОИ ҶОНИБҲОИ ҲАВАСМАНД: НАВСОЗИИ ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ДУШАНБЕ – РЕГАР»

ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» (SIB) дар доираи барномаи Лоиҳаи «Барномаи рушди бозори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикӣ» (REMIT), ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, озмунро барои интихоби ширкати консалтингӣ эълон менамояд.

Шарҳи лоиҳа
Ҳадафи супориш расонидани хизматрасониҳои машваратӣ оид ба лоиҳакашӣ, дастгирии раванди тендерӣ ва назорати сохтмони иншооти зерин мебошад:
ХИБ 500 кВ «Душанбе – Регар»: Сохтмони хати нави якзанҷираи интиқоли барқ.

Зеристгоҳҳои «Душанбе» ва «Регар»: Навсозӣ ва васеъсозии зеристгоҳҳои мавҷудаи 500 кВ.

Муфассал
Подробнее
Read more
1