Предминтруда РТ в РФ
377 subscribers
652 photos
28 videos
1 file
151 links
Download Telegram
Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия

23 январи соли 2026 ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир шуда, дар кори он консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки нақши аъзои Шуро, созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳанги тоҷикистониён дар таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мусоидат ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу давлатӣ, фарҳангию таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихории миллӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зиёд аст.

Зимнан аз аъзои Шурои ҷамъияти назди Сафорат ва ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияташонро дар минтақаҳои будубош тақвият дода, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвифқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъол бошанд.

Дар фарҷом фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдони гардиданд.

https://mfa.tj/tg/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya
————-

Заседание Общественного совета при Посольстве Таджикистана в России

23 января 2026 года состоялось заседание Общественного совета при Посольстве.

Заседание проходило под председательством Посла Давлатшох Гулмахмадзода, в работе которого приняли участие генеральные консулы Таджикистана в регионах России, представители министерств и ведомств Республики Таджикистан в стране пребывания, руководители и представители таджикских общественных объединений в России, активисты общественных движений, а также представители интеллигенции и другие соотечественники.

В ходе своего выступления глава Дипломатической миссии пояснил ключевые моменты послания Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики страны».

Было подчеркнуто, что роль членов Совета, общественных организаций и центров таджикских культур является значительной в укреплении сотрудничества между учреждениями Республики Таджикистан и Российской Федерации, оказание содействии и решение проблем граждан, соотечественников за рубежом, достойное представление национальных, государственных, культурных и исторических ценностей, а также воспитание чувства патриотизма и национальной гордости.

При этом членам Общественного совета при Посольстве и присутствующим было предложено усилить свою деятельность в регионах пребывания и стремиться воспитывать подрастающее поколение в духе уважения к национальным ценностям, патриотизме, здорового образа жизни, самопознания и трудолюбивия, а также борьбе с экстремизмом и терроризмом, предотвращении вовлечения молодёжи в экстремистские партии и группы.

В завершение активисты Общественного совета при Посольстве были награждены благодарственными грамотами.

https://mfa.tj/ru/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya
👍8
ТАВСИЯИ МУФИД БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ -ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирати меҳнатии самаранок ва бехатар ба диққати Шумо маълумоти мазкурро пешкаш мекунад.

Шумо ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар рушди иқтисоди ҳам кишвари иқомат ва ҳам Ватани худ саҳми назаррас мегузоред. Ҳар яки Шумо захираи арзишманд буда, дорои имкониятҳои бузург барои рушди шахсӣ ва касбӣ ҳастед, инчунин саробони оилаҳои худ дар Ватан ба ҳисоб меравед. Риояи қатъии ҳамаи меъёрҳо ва тавсияҳо шарти асосии будубоши бехатару муваффақ дар кишвари иқомат, ҳифзи саломатӣ, обрӯ ва имконияти идомаи фаъолияти меҳнатии Шумо мебошад.
Мо Шуморо ба риояи қатъии тавсияҳои зерин даъват менамоем:

1. Риояи қонунҳои кишвари иқомат
Ҳамеша қонунгузории маҳаллиро эҳтиром ва риоя намоед, аз ҷумла қоидаҳои будубош, шартномаи меҳнатӣ, меъёрҳои муҳоҷират ва тартиботи ҷамъиятӣ. Вайрон намудани қонунҳо метавонад боиси ихроҷ (депортатсия), ҷарима ё дигар чораҳои ҳуқуқӣ гардад, ки ба будубоши Шумо ва имконияти сафарҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад.
Қоидаҳои маҳаллиро пешакӣ омӯзед: бо талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатӣ шинос шавед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагиҳои расмӣ ё муассисаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

2. Худдорӣ аз нигоҳ доштан ё истифода бурдани ашё ва асбобҳои шубҳанок

Қатъиян аз гирифтан ё истифода бурдани ҳар гуна ашё, асбоб ё таҷҳизоти шубҳанок, ки метавонанд ҳамчун силоҳи сард арзёбӣ шаванд (масалан, корд, асбобҳои дорои канори тез, ашёи металлӣ), худдорӣ намоед. Ҳатто агар Шумо онҳоро безарар ҳисобед ҳам, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд онҳоро ҳамчун ашёи эҳтимолан хатарнок қабул намоянд.
Дар хотир доред, ки истифодаи чунин ашё метавонад боиси боздошт, таъқиби судӣ ва хориҷкунӣ аз кишвар гардад. Танҳо асбобҳои заруриро дар доираи фаъолияти касбии худ истифода бурда, онҳоро мувофиқи меъёрҳои маҳаллӣ нигоҳ доред.

3. Ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятиву-вирусӣ
Ба саломатии худ ғамхорӣ намоед: мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаред, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед, ғизои дуруст истеъмол намуда, истироҳати кофӣ гиред. Дар ҳолати бад шудани ҳолати саломатӣ ба табибони соҳибихтисос муроҷиат намуда, аз худтабобатӣ худдорӣ намоед.
Чораҳои муҳофизат аз бемориҳои вирусиро риоя кунед: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми зарурат ниқоб пӯшед, дар давраи эпидемия бемориҳои сироятӣ аз ҷамъомадҳои серодам худдорӣ намоед, мувофиқи тавсияҳои мақомоти маҳаллии тандурустӣ эмгузаронӣ намоед. Ин чораҳо на танҳо Шуморо, балки ҳамкорон ва аъзои оилаатонро низ ҳифз менамоянд.

4. Рад намудани ҷалб ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор

Қатъиян аз ҳар гуна шакли ҷалб ё шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тахрибкор, ташкилотҳои экстремистӣ ё иттиҳодияҳои ғайриқонунӣ даст кашед. Чунин амалҳо на танҳо қонунро вайрон мекунанд, балки ҳаёт, озодӣ ва обрӯи Шуморо зери хатар мегузоранд.
Ҳушёр бошед: ба ваъдаҳои даромади осон ё нуфуз дода нашавед, аз робитаҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Дар сурати кӯшиши ҷалб шудан, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат ё ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия хабар диҳед.

Дар хотир доред, ки муҳоҷирати муваффақонаи Шумо саҳм дар шукуфоии Ватан ва оилаи Шумо мебошад. Бо риояи ин меъёрҳо Шумо барои худ субот фароҳам оварда, оилаҳои худро ҳифз намуда ва ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунед. Дар ҳолати зарурат метавонед барои кӯмак ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.


Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
ИСТИФОДА ВА ИНТИҚОЛИ ҲАЗОРИСПАНД ДАР РОССИЯ ҶИНОЯТ МАҲСУБ МЕЁБАД.


Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар Федератсияи Россия истифода ва интиқоли растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад.


Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд.

Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст.

Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.
👍1🙏1