Предминтруда РТ в РФ
383 subscribers
652 photos
28 videos
1 file
151 links
Download Telegram
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

8 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Нахуст маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Алишер доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат дар асоси стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, вазорат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти вазорат зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.

Мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ зимни суханронӣ вазорат ва сохторҳои онро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии иҷрои чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа, пурзӯр намудани низоми мониторинги иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳо муваззаф намуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби вазир Холмаҳмадзода Солеҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.
👍9
Муҳтарам муҳоҷирони меҳнатӣ!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар вақтҳои охир муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид гардидаанд, зиёд шудаанд.
Бо ин сабаб, Намояндагӣ маълумоти расмии пешниҳоднамудаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москваро ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонад.
Барои ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии худ шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудаанд, метавонанд аз яке аз роҳҳои зерин истифода баранд:
1. Муроҷиати шахсӣ
Бо ҳузури шахсӣ ба шуъбаи ҳудудии Сарраёсати ВКД Россия дар шаҳри Москва тибқи маҳалли бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба танзим дароранд.
2. Муроҷиати электронӣ
Бо роҳи электронӣ тавассути сомонаи расмии 77.мвд.рф, бо интихоби бахши «ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲО», бо замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва қонунӣ будани будубош дар қаламрави Федератсияи Россия ариза пешниҳод намоянд.
Дар ин ҳолат ҳузури шахсӣ ба шуъбаҳо талаб карда намешавад. Ҷавоб ба суроғаи шумо ба таври фосилавӣ ирсол мегардад. Усули электронии муроҷиат қулай буда, муҳлати баррасии аризаро аз ҷониби шахсони мансабдор кӯтоҳ менамояд.
Илова бар ин, аз ҷониби шуъбаҳои масъалаҳои муҳоҷирати шаҳри Москва нуқтаҳои махсуси қабул танҳо барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳри Москва ба қайд гирифта шудаанд, ҷиҳати баррасии масъалаи хориҷ намудан аз феҳристи шахсони таҳти назорат дар суроғаҳои зерин кушода шудаанд:
• Ҳавзаи Марказӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Таганский)
ш. Москва, кӯчаи Палaшeвский, хонаи 7
• Ҳавзаи Шимолу шарқӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШШ)
ш. Москва, кӯчаи Пришвина, хонаи 14
• Ҳавзаи Шарқӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ)
ш. Москва, кӯчаи Нижняя Первомайская, хонаи 63а
• Ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ
(Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Капотня)
ш. Москва, маҳаллаи 3-юми Капотня, хонаи 29
• Ҳавзаи Ҷанубӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ноҳияи Орехово-Борисовои Ҷанубӣ)
ш. Москва, кӯчаи Ясеневая, хонаи 8
• Ҳавзаи Ҷанубу Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҶҒ)
ш. Москва, кӯчаи Строителей, хонаи 11, бинои 1
• Ҳавзаи Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲҒ)
ш. Москва, шоҳроҳи Рублёвское, бинои 26, қабати 2
• Ҳавзаи Шимолу Ғарбӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШҒ)
ш. Москва, кӯчаи Маршала Конева, хонаи 6
• Ҳавзаи Шимолӣ
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲШ)
ш. Москва, гузаргоҳи Старопетровский, хонаи 2
• Ҳавзаи Зеленоград
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲЗ)
ш. Зеленоград, корпуси 931
• Ҳавзаи Москваи нав
(Шуъбаи масъалаҳои муҳоҷират дар ҲМН)
ш. Троитск, хиёбони Октябр, хонаи 20, ошёнаи 2
• Раёсати масъалаҳои муҳоҷират
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва
ш. Москва, кӯчаи Большая Ордынка, бинои 16/4, қабати 4
👍10👎2
Вохӯрӣ бо варзишгарони тоҷик дар варзишгоҳи «Байкал Арена»-и шаҳри Иркутск

14 январи соли ҷорӣ масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибир бо даъвати сармурабии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи ҷудо (дзюдо), сармурабии клуби варзишии «Ҳоҷи Шариф» Эргаш Маҳмадбеков, ба тамрингоҳи дастаи миллӣ дар шаҳри Иркутск, варзишгоҳи «Байкал Арена» ташриф овард.

Варзишгарони тими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд. Бо роҳбарӣ ва талошҳои мураббиён Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки саҳми Президенти Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар рушду тавсеаи ин намуди варзиш дар кишвар бисёр бузург мебошад. Зимни вохӯрӣ бо варзишгарон таъкид гардид, ки онҳо ҳамчун муаррифгарони асили фарҳанг ва варзиши миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, бо заҳмату дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро баланд нигоҳ доранд.

Ҳамчунин бо мураббиён масъалаи ҷалби фарзандони муҳоҷирони тоҷик ба машқҳо ва тарбияи варзишгарони наврасу ҷавон дар ин варзишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
👍9
Афзоиши арзиши патент дар Федератсияи Россия аз 1 январи 2026

Намояндагӣ ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2026 дар ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия тағйир меёбад.
Патент — ҳуҷҷате мебошад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои бебаргардонӣ (беравод) — аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон — ҳақ медиҳад, ки дар Россия фаъолият намоянд.
Арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, он дар ҳама ҷо аз се унсур вобаста аст: меъёри асосӣ (1 200 рубл — бетағйир), коэффитсиенти дефлятсионӣ (дар соли 2026 ба андозаи 2,842 муқаррар шудааст) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки ҳар сол аз ҷониби ҳар як субъект мустақилона муайян карда мешавад.
Дар соли 2026 арзонтарини патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чечен — 3 410 рубл муқаррар шудааст.
Гаронтарин патент дар Краснодарский край — 27 283 рубл хоҳад буд. Ба сегонаи пешсафон ҳамчунин вилоятҳои Тула — 25 000 рубл ва Липетск — 21 915 рубл дохил мешаванд.
Дар шаҳрҳои калонтарини Россия арзиши патент барои соли 2026 чунин аст:
Москва — 10 000 рубл
Санкт-Петербург — 8 000 рубл
Қазон — 8 696 рубл
Новосибирск — 11 289 рубл
Екатеринбург — 9 500 рубл
Арзиши патент дар Федератсияи Россия барои соли 2026 вобаста ба субъектҳои федератсия чунин муқаррар гардидааст:
Ҷумҳурии Адыгея — 8 185 рубл
Ҷумҳурии Алтай — 7 673 рубл
Кишвари Олтой — 8 526 рубл
Вилояти Амур — 12 874 рубл
Вилояти Архангелск — 10 231 рубл
Вилояти Астрахан — 7 012 рубл
Башқирдистон — 8 500 рубл
Вилояти Белгород — 8 294 рубл
Вилояти Брянск — 9 741 рубл
Бурятия — 12 557 рубл
Вилояти Владимир — 10 947 рубл
Вилояти Волгоград — 9 890 рубл
Вилояти Вологда — 20 000 рубл
Вилояти Воронеж — 11 425 рубл
Ҷумҳурии Доғистон — 7 844 рубл
Вилояти Автономии Яҳудӣ — 10 095 рубл
Кишвари Забайкал — 16 234 рубл
Ҷумҳурии Ингушетия — 6 684 рубл
Вилояти Иваново — 20 000 рубл
Вилояти Иркутск — 12 233 рубл
Ҷумҳурии Кабардино-Балқар — 11 254 рубл
Қалмиқистон — 5 116 рубл
Вилояти Калининград — 10 913 рубл
Вилояти Калуга — 11 000 рубл
Кишвари Камчатка — 13 983 рубл
Кишвари Краснодар — 27 283 рубл
Кишвари Красноярск — 11 024 рубл
Ҷумҳурии Қарочой-Черкес — 7 844 рубл
Ҷумҳурии Карелия — 11 595 рубл
Ҷумҳурии Коми — 9 038 рубл
Вилояти Кемерово (Кузбасс) — 8 427 рубл
Вилояти Киров — 7 912 рубл
Вилояти Кострома — 8 632 рубл
Вилояти Қурғон — 15 347 рубл
Вилояти Курск — 10 470 рубл
Вилояти Ленинград — 8 000 рубл
Вилояти Липетск — 21 915 рубл
Ҷумҳурии Мордовия — 7 162 рубл
Москва — 10 000 рубл
Вилояти Москва — 10 000 рубл
Вилояти Магадан — 12 618 рубл
Вилояти Мурманск — 15 347 рубл
Вилояти Нижний Новгород — 11 800 рубл
Вилояти Новгород — 10 231 рубл
Вилояти Новосибирск — 11 289 рубл
Ҳавзаи автономии Ненетс — 8 328 рубл
Вилояти Омск — 9 157 рубл
Вилояти Оренбург — 7 639 рубл
Вилояти Орёл — 9 174 рубл
Кишвари Перм — 8 200 рубл
Кишвари Приморье — 13 846 рубл
Вилояти Пенза — 9 208 рубл
Вилояти Псков — 10 903 рубл
Ҷумҳурии Тува — 6 524 рубл
Ҷумҳурии Марий Эл — 8 662 рубл
Ҷумҳурии Саха (Якутия) — 15 343 рубл
Вилояти Ростов — 10 231 рубл
Вилояти Рязан — 9 788 рубл
Осетияи Шимолӣ — Алания — 8 185 рубл
Кишвари Ставропол — 8 526 рубл
Санкт-Петербург — 8 000 рубл
Вилояти Самара — 11 936 рубл
Вилояти Саратов — 9 423 рубл
Вилояти Сахалин — 11 800 рубл
Севастопол — 13 521 рубл
Вилояти Свердловск — 9 500 рубл
Вилояти Смоленск — 9 213 рубл
Вилояти Тамбов — 8 200 рубл
Вилояти Твер — 20 169 рубл
Вилояти Томск — 10 506 рубл
Вилояти Тула — 25 000 рубл
Вилояти Тюмен — 11 681 рубл
Ҷумҳурии Тотористон — 8 696 рубл
Ҷумҳурии Удмурт — 8 287 рубл
Ҷумҳурии Хакасия — 10 231 рубл
Вилояти Уляновск — 7 162 рубл
Ҳавзаи автономии Ханти-Мансий — Югра — 14 610 рубл
Кишвари Хабаровск — 10 572 рубл
Вилояти Челябинск — 16 860 рубл
Ҷумҳурии Чечен — 3 410 рубл
Ҷумҳурии Чуваш — Чувашия — 9 634 рубл
Ҳавзаи автономии Чукотка — 10 572 рубл
Вилояти Ярослав — 10 981 рубл
Ҳавзаи автономии Ямало-Ненетс — 18 505 рубл
👍11😢1
20 январи соли 2026 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Холназар Ғоиб бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон оид ба шароити иқомату фаъолияти меҳнатӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Свердловск табодули афкор намуданд.



20 января 2026 года состоялась встреча Генерального консула Республики Таджикистан в городе Екатеринбурге Российской Федерации Гоиб Холназара с уполномоченным по правам человека Свердловской области Татьяной Мерзляковой.
В ходе встречи были обсуждены вопросы, касающиеся условия пребывания и трудовой деятельности, а также обеспечения защиты прав граждан Республики Таджикистан в Свердловской области.
👍10
Табрикнома бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


(Табрикоти Намояндагӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамасола 25 январ таҷлил мегардад, самимона табрик менамояд.
Дар ин рӯз ба ҳамаи мутахассисони соҳа барои касбияти баланд, масъулиятшиносӣ ва саҳми арзандаашон дар татбиқи сиёсати давлатии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори сипос карда мешавад.
Фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Меҳнати ҳаррӯзаи онҳо сазовори эҳтиром ва қадрдонӣ мебошад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҳамаи кормандони соҳа саломатии бардавом, рӯзгори обод, муваффақиятҳои касбӣ, дастовардҳои нав ва эътимод ба фардои дурахшон орзу менамояд.

Поздравление по случаю Дня работников сферы труда и социальной защиты населения


(Поздравление Представительства, приуроченное ко Дню работников сферы труда и социальной защиты населения)
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет работников сферы труда и социальной защиты населения с профессиональным праздником — Днём работников сферы труда и социальной защиты населения, который ежегодно отмечается 25 января.
В этот день всем специалистам отрасли выражается искренняя благодарность за высокий профессионализм, ответственность и достойный вклад в реализацию государственной социальной политики, защиту трудовых прав граждан и поддержку уязвимых слоёв населения.
Деятельность работников сферы труда и социальной защиты имеет исключительно важное значение для обеспечения социальной стабильности и устойчивого развития общества. Их ежедневный труд заслуживает глубокого уважения и признательности.
Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции желает всем работникам отрасли крепкого здоровья, благополучия, профессиональных успехов, новых достижений и уверенности в светлом будущем.
👍6
Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия

23 январи соли 2026 ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир шуда, дар кори он консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки нақши аъзои Шуро, созмонҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳанги тоҷикистониён дар таҳкими ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мусоидат ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу давлатӣ, фарҳангию таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихории миллӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зиёд аст.

Зимнан аз аъзои Шурои ҷамъияти назди Сафорат ва ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияташонро дар минтақаҳои будубош тақвият дода, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвифқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон кӯшиш намоянд.

Ҳамзамон аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъол бошанд.

Дар фарҷом фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдони гардиданд.

https://mfa.tj/tg/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya
————-

Заседание Общественного совета при Посольстве Таджикистана в России

23 января 2026 года состоялось заседание Общественного совета при Посольстве.

Заседание проходило под председательством Посла Давлатшох Гулмахмадзода, в работе которого приняли участие генеральные консулы Таджикистана в регионах России, представители министерств и ведомств Республики Таджикистан в стране пребывания, руководители и представители таджикских общественных объединений в России, активисты общественных движений, а также представители интеллигенции и другие соотечественники.

В ходе своего выступления глава Дипломатической миссии пояснил ключевые моменты послания Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики страны».

Было подчеркнуто, что роль членов Совета, общественных организаций и центров таджикских культур является значительной в укреплении сотрудничества между учреждениями Республики Таджикистан и Российской Федерации, оказание содействии и решение проблем граждан, соотечественников за рубежом, достойное представление национальных, государственных, культурных и исторических ценностей, а также воспитание чувства патриотизма и национальной гордости.

При этом членам Общественного совета при Посольстве и присутствующим было предложено усилить свою деятельность в регионах пребывания и стремиться воспитывать подрастающее поколение в духе уважения к национальным ценностям, патриотизме, здорового образа жизни, самопознания и трудолюбивия, а также борьбе с экстремизмом и терроризмом, предотвращении вовлечения молодёжи в экстремистские партии и группы.

В завершение активисты Общественного совета при Посольстве были награждены благодарственными грамотами.

https://mfa.tj/ru/moscow/view/18124/jalasai-shuroi-jamiyatii-nazdi-saforati-tojikiston-dar-rossiya
👍8