Предминтруда РТ в РФ
383 subscribers
652 photos
28 videos
1 file
151 links
Download Telegram
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода встретился с Председателем Правительства Российской Федерации Михаилом Мишустиным


Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода встретился в Москве с Председателем Правительства Российской Федерации Михаилом Мишустиным.

На встрече была обсуждена ситуация и перспективы сотрудничества в различных сферах, включая энергетику, промышленность, транспорт, образование и культуру.

Премьер-министр Кохир Расулзода назвал встречи и переговоры продолжением конструктивной политики глав двух государств для вывода на новый уровень стратегического и союзнического партнёрства Таджикистана и России.

Большое внимание было уделено расширению связей между регионами двух стран, увеличению объёмов взаимной торговли и созданию совместных промышленных предприятий.

Плодотворная беседа также велась вокруг других тем, представляющих взаимный интерес.
👍5
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
МАҚОМИ ИФТИХОРИИ ТОҶИКПИСАР ДАР ФЕСТИВАЛИ ЭҶОДӢ ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН

Тоҷики муқими шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Юнус Тоиров дар фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҷавонони эҷодкор "Созвездие-Йолдызлык", ҳунарнамоӣ намуда, бо ҳунари воло, санъати худододӣ ва маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи намоён гардида, ба даври ниҳоии мусобиқаи мазкур роҳхат гирифт.

Юнус Тоиров дар фестивали санъткорони ҷавон дар бахши "Конферанс" ҳунарнамоӣ намуда, мақоми дуюмро соҳиб гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки ин намояндаи тоҷикони муқими шаҳри Қазон дар чорабиниҳои гуногун ва фестивалҳои сатҳи гуногун баромад намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ин зодаи Тоҷикистон ҳатто дар филмҳои кӯдакона ва дигар жанрҳои филмофарӣ ҳунарнамоӣ намудааст.
👍4
МУҲЛАТИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ ТАМДИД КАРДА ШУД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.

Ба иттилои шаҳрванд мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар ин самт метавонанд ба масъулини Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
👍9
Файзалӣ Идизода дар Волгоград аз қаҳрамониҳои халқи тоҷик зимни озод намудани Сталинград ёдовар шуд


Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия иштирок менамояд.

28 апрел ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуданд.

Сипас ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маҷмааи ёдгории таърихии «Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград» хотираи нафарони дар ин ҷанг ҳалокшударо гиромӣ дошта, бо экспонатҳои музей, ки бозгуйи аҳамияти муҳорибаи Сталинград дар таърихи ҷаҳон ва қаҳрамониҳои фарзандони далери халқи тоҷик дар сафи Армияи Сурх барои озод кардани Сталинград мебошанд, шинос шуданд. Садҳо зодагони Тоҷикистон дар майдони муҳорибаҳо далерию шуҷоат нишон дода, шумораи зиёди онҳо дар роҳи муҳофизати Сталинград ва таъмини Ғалабаи бузург ҷони худро нисор намуданд. Корнамоии онҳо як қисми мероси умумии таърихӣ аст, ки халқҳои Иттиҳоди Шуравиро ба ҳам мепайвандад.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори бахши форум таҳти унвони «Ҳифз ва ҳимояи хотираи умумии таърихӣ», ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар хусуси набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар шаҳри Волгоград ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки дастоварди нодир ва самари дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, бахшида шудааст.
👍5
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
ГЕРОИЗМ ТАДЖИКА РАДИ ЖИЗНЕЙ ДРУГИХ В МОСКВЕ
Тысячи людей помнят и благодарят граждан Республики Таджикистан за рубежом за их самоотверженность, смелость и отвагу. В Российской Федерации таджики не раз проявляли стойкость и мужество в сложных ситуациях, во время стихийных бедствий и других чрезвычайных происшествий, становясь настоящими героями.
24 апреля 2025 года сотрудник коммунального хозяйства района «Хорошёво-Мнёвники», гражданин Республики Таджикистан Отабек Мадрахимов, временно работающий в Москве, проявил героизм и отвагу, потушив пожар в легковом автомобиле.
Находясь за рулём служебной машины, Отабек Мадрахимов заметил возгорание в легковом автомобиле на трассе. Несмотря на опасность для собственного здоровья, он действовал решительно, предполагая, что внутри могут находиться люди.

В телефонном разговоре с представителем Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации он заявил: «Я выполнил свой гражданский долг, потому что подумал, что в машине могут быть люди. Мы, таджики, всегда протягиваем руку помощи тем, кто оказался в трудной ситуации».

Представительство выразило благодарность Отабеку Мадрахимову за мужество и отвагу, назвав его поступок высшим примером для подражания.
👍8
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!!!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо дар назардошти ҷашни идҳо Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” 1 ва 9 майи соли 2025 қабули муҳоҷирони меҳнатиро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва дигар намуди хизматрасониҳо ба роҳ намемонад.

Тибқи иттилои дарёфтӣ шуъбаҳои Корхонаи воҳиди давлатии федералӣ “ХШР” Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Россия қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид 1 ва 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон намудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки қабули шаҳрвандон дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” дар дигар рӯзҳои даҳаи аввали моҳи май тибқи тартиби муқараргардида фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки шуъбаҳои ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия танҳо 3 ва 10 майи соли 2025 қабули шаҳрвандонро бо дар назардошти рӯзҳои ид ба роҳ мондаанд.

Шаҳрвандон дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ метавонанд ба масъулини Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
👍6
Ҳамдиёрони азиз!
 
Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморобахшида ба Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоем.
 
Ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо санаи 1 май дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки гузашта аз ин, таҷассуми олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд.
 
Воқеан, меҳнатро шарафи инсонӣ мешуморанд ва меҳнати поквиҷдонона дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қадр дорад ва дар баробари он подоши арзандаро молик аст. Аз ин рӯ ҷашн гирифтани Рӯзи якдилии меҳнаткашон ин арҷгузорӣ ба заҳмату кӯшишҳои инсони заҳматкаш мебошад, ки то бо рӯҳияи болидаву табъи хуш меҳнат кардан ҳамеша ҳамрадифи зиндагониаш бошад.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад».
 
Бо умеди комёбиҳои нав ба нав, садоқатмандии мардумон ва ободии рӯзгор бори дигар кули ҳамватанонро бо фарорасии ин иди фархунда табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
 
Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон муборак бошад!
 
 
************
 
От имени Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции поздравляем Вас с Международным Днём солидарности трудящихся!
 
Этот международный праздник отмечается 1 мая не только в самый прекрасный день в году, но и является воплощением высших человеческих ценностей, которые направляют трудящихся всего мира, независимо от национальности, этнической принадлежности или расы, к дружбе и товариществу.
Весна и Труд дают новые силы и объединяют разные поколения. Этот праздник по-прежнему олицетворяет солидарность трудящихся, символизирует единство и сплочённость всех созидательных сил, объединённых общим стремлением к миру, стабильности, благополучию, счастью и устойчивому развитию страны.
 
Желаем Вам мирного труда, крепкого здоровья, благополучия в каждом доме и доброго весеннего настроения.
👍4😁1
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ “ТЁПЛИЙ СТАН"

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат дар маркази тиҷоратии "Тёплий Стан" бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гуруҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дода шуд.

Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.

Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурурҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гуруҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гуруҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гуруҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.

Инчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, даъват ба амал овард шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро хуб нигоҳ доранд.

Дар фарҷоми мулоқот ба муҳоҷирон иловатан иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.

Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба масъулини Намояндагӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 ; (WhatsApp)
👍6
ДАР ВНУКОВО ҶОРӢ ШУДАНИ НУҚТАИ ҚАБУЛИ МАЪЛУМОТИ БИОМЕТРӢ

Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки аз 1 майи соли 2025 таҷрибаи гирифтани маълумоти биометрӣ (изи ангуш ва аксбардорӣ) аз шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково ба номи А.Н. Туполева роҳандозӣ карда шудааст.

Талаботи мазкур тибқи меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россияи роҳандозӣ карда шуда, бо мақсади назарат дар самти таъмини амнияти бехатарии Федератсияи Россия нигаронида шуда, қаблан супоридани маълумоти биометрӣ дар дигар фурудгоҳҳои шаҳри Москва ва гузаргоҳи сарҳадии “Маштаково”-и вилояти Оренбург ҷорӣ гардида буд.

Тибқи иттилои мақомотҳои марбутаи кишвари иқомат аз моҳи декабри соли 2024 зиёда аз 2,7 миллион нафар шаҳрванди хориҷӣ маълумоти биометрӣ дар сарҳади давлатии Федератсияи Россия супоридаанд.
👍4
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар (https://president.tj/event/news/50752)карданд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард.
8 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон по приглашению Президента Российской Федерации уважаемого Владимира Путина с рабочим визитом отбыл (https://president.tj/event/news/50754) в Москву.

Ожидается, что в ходе этого визита Глава нашего государства примет участие в торжественных мероприятиях, посвященных 80-ой годовщине Дня Победы, на Красной площади города Москва.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #РӯзиҒалаба #ДеньПобеды #VictoryDay #Москва #Moskow #ПарадПобеды80

President.tj | Facebook (https://www.facebook.com/emomalirahmontjk) | Instagram (https://www.instagram.com/emomalirahmontjk/) | Telegram (https://xn--r1a.website/emomalirahmontjk) | X (https://twitter.com/emomalirahmontj) | Youtube (https://www.youtube.com/@emomalirahmontjk)
👍4
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба иштирок менамоянд.

8 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон с рабочим визитом прибыл в город Москву Российской Федерации.

В аэропорту «Внуково-2» города Москвы Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона тепло и искренне встретили высокопоставленные представители Российской Федерации.
В ходе этого визита Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон примет участие в торжественных мероприятиях, посвященных празднованию 80-й годовщины Победы.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҒалаба #ДеньПобеды #VictoryDay #Москва #Moskow #ПарадПобеды80

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍3
9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қасри Кремл ташриф оварданд.

Баъд аз маросими истиқболи сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён иштирок карданд.
Дар паради бошукӯҳи ҳарбии майдони Сурхи шаҳри Москва як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

9 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон прибыл в Кремлевский дворец для участия в торжественных мероприятиях в честь 80-летия Победы в Великой Отечественной войне.

После церемонии приветствия глав государств и правительств и руководителей высокопоставленных делегаций Президентом Российской Федерации уважаемым Владимиром Путиным, в главном центре проведения торжественных мероприятий – Красной площади прошёл военный парад, в котором приняло участие большое количество военнослужащих.
В торжественном военном параде приняла участие одна десантная рота Вооружённых сил Республики Таджикистан.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҒалаба #ДеньПобеды #VictoryDay #Москва #Moskow #ПарадПобеды80

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍7