Предминтруда РТ в РФ
377 subscribers
652 photos
28 videos
1 file
151 links
Download Telegram
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.

В городе Санкт-Петербург состоялось очередное заседание Совета Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств, в котором принял участие и выступил с речью Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали. В ходе своего выступления Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали высказал своё мнение по итогам парламентских выборов в Республике Таджикистан и выразил удовлетворение работой международных наблюдателей Межпарламентской Ассамблеи государств – участников СНГ.
👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сегодня в рамках заседания Совета и 58-го пленарного заседания Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств в городе Санкт-Петербург Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провёл встречу с Председателем Межпарламентской Ассамблеи государств – участников СНГ, Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации уважаемой Валентиной Матвиенко. В ходе встречи были обсуждены текущее состояние и перспективы стратегического партнёрства и союзнических отношений между Таджикистаном и Россией, в развитии и углублении которых ключевая роль принадлежит совместным усилиям Глав двух государств.
👍1
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳод, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд. Зикр карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардиданд. Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои  минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.

В течение дня Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали принял участие и выступил на торжественном заседании Межпарламентской Ассамблеи государств – участников Содружества Независимых Государств, посвящённом 80-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941–1945 годов. В своей речи уважаемый Рустам Эмомали искренне поздравил коллег и всех присутствующих с наступающим праздником – 80-летием Победы, назвав его одной из важнейших исторических традиций стран Содружества, символом единства, солидарности и общей защиты мира во всём мире. Было отмечено, что в годы этой трагической войны только из Таджикистана на фронт были мобилизованы и отправлены более 300 тысяч человек. Из них более 100 тысяч погибли на полях сражений. Около 45 тысяч жителей Таджикистана были направлены на работу в предприятия других регионов бывшего Советского Союза, откуда большинство также ушли на фронт. В завершение участникам торжественного заседания была представлена культурная программа, посвящённая 80-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941–1945 годов.

During the day, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, participated in and delivered a speech at the ceremonial session of the Interparliamentary Assembly of the CIS Member States, dedicated to the 80th anniversary of Victory in the Great Patriotic War of 1941–1945. In his address, honorable Rustam Emomali sincerely congratulated his colleagues and all attendees on the upcoming celebration of the 80th anniversary of Victory, describing it as one of the most important historical traditions of the Commonwealth countries, a symbol of unity, solidarity, and the shared defense of peace throughout the world. It was noted that during this tragic war, more than 300,000 people were mobilized and sent to the front from Tajikistan alone. Over 100,000 of them died in battle. Approximately 45,000 residents of Tajikistan were sent to work at enterprises in other regions of the former Soviet Union, with the majority of them eventually joining the front lines as well. At the end of the session, a cultural program dedicated to the 80th anniversary of Victory in the Great Patriotic War of 1941–1945 was presented to the participants.
@RustamEmomali
👍1
Субҳи 18 апрел дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ - ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.

Утром 18 апреля в рамках своего рабочего визита в город Санкт-Петербург Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали вместе с руководителями парламентских делегаций государств – участников Содружества Независимых Государств принял участие в церемонии возложения цветов на мемориальном кладбище Пискарёвское. Уважаемый Рустам Эмомали также возложил цветы у Памятной плиты в честь героических таджикских воинов — защитников города Ленинграда в годы Великой Отечественной войны, отдав дань памяти павшим.

On the morning of April 18, as part of his working visit to the city of St. Petersburg, the Chairman of the Majlisi milli of Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, honorable Rustam Emomali, together with the heads of parliamentary delegations of the CIS member states, took part in a flower-laying ceremony at the Piskaryovskoye Memorial Cemetery. Honorable Rustam Emomali also laid flowers at the commemorative plaque dedicated to the heroic Tajik soldiers - defenders of the city of Leningrad during the Great Patriotic War - paying tribute to the memory of the fallen.
@RustamEmomali
👍4
ТАВСИЯИ ҲУҚУҚӢ БА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Федератсияи Россия мегарданд, онҳоро зарур аст, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд.

Дар қаламрави Федератсияи Россия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Қонунгузории Россия номнавишти муҳоҷиратии кӯдакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад.
Номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад.

Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кӯдак сурат мегирад. Ё ин ки дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари ин, кӯдакони аз 6 сола боло, ки зиёда аз 90 шабонарӯз дар қаламрави Федератсияи Россия қарор мегиранд, волидайни онҳоро зарур аст, ки кӯдаки ноболиғро аз қайди изи ангушт ва расмгирии давлатӣ гузаронанд.

Дар ҳолати зиёда аз 90 шабонарӯз зиёд дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрванди хориҷии ноболиғ, волидайнд дар асосҳои зерин метавонад, муҳлати будубоши шаҳрванди ноболиғро дароз намояд:
- Дар асоси муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва ё иҷозати фаъолияти меҳнатӣ барои кадрҳои баландихтисос;
- Дар асоси ҳуҷҷати волидайн - иҷозатномаи зисти муваққатӣ, иҷозати зист(РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии ФР;
- Донишҷӯ будани волидайни кӯдаки ноболиғ дар кишвари иқомат.

Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мазкур тибқи талаботи қанунгузории Федератсияи Россия пас аз 90 шабонарӯз будубоши шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ дар кишвари иқомат ғарийқонунӣ мебошад.

Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари пазиранда муввақатан зиндагӣ доранд, тавсия медиҳад, ки будубоши кӯдакони ноболиғро дар Федератсияи Россия қонунӣ гардонида, меъёрҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
👍7
ВОХӮРИИ ДУҶОНИБАИ РОҲБАРИЯТИ ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ ИҶРОЧИЁНИ СУДИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

23 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба байни сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия Дмитрий Аристов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқукӣ, мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд.

Дар доираи ин вохӯрӣ, бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд.

Имзои Барномаи мазкур ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкориҳо ва муттаҳид сохтани талошҳо баҳри ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.
👍3